САФОРАТХОНАИ ИМА ДАР ҶТ ЯТИМОНРО ДАСТГИРӢ КАРД

Май 15, 2009 16:53

                         Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Сафоратхонаи ИМА дар ҶТ барои 140 нафар тарбиятгирандаи хонаи бачагони шаҳри Турсун-зода барномаи бозиҳои шавқовар гузаронд. Онро дастаи посбонони сафоратхона ташкил намуд. Чунин чорабинӣ ҳар сол аз ҳисоби маблағҳои хайрияи сафоратхона гузаронида мешавад. Имсол бо ин роҳ 800 доллари ИМА ҷамъ оварда шуд.                         Тарбиягирандагони хонаи бачагон бо бозиҳои миллии амрикоиҳо шинос шуда, сипас бо намудҳои гуногуни варзишӣ, инчунин футбол, баскетболу волейбол мусобиқа гузарониданд. Баъди ҷамъбасти чорабинӣ ҳамаи таҷҳизоти варзишӣ ба хонаи бачагон тӯҳфа карда шуд.                           Чи тавре, ки ба АМИТ «Ховар» аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ин чорабин қариб 30 хоҳишмандон, инчунин хатмкунандагони барномаи барои мактаббачагон FLEX ва кормандони Сафаратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иштирок карданд.  

Май 15, 2009 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд