САРФИ ҚУВВАИ БАРҚ 5 БАРОБАР КАМ ШУД
Хуҷанд, 23 май. (Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Дар шаҳри Хуҷанд баҳри амали намудани тадбирҳои сарфаи энергияи барқ идораю муассисаҳо ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасрафи люминистентӣ ва диодӣ гузаштанд. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд, ба хусус Хадамоти давлатии нозироти санитарию эпидимеологии вилоят яке аз нахустин муассисаҳост,ки ин иқдомро пеша кардааст.Бо сарварии сардухтури Хадамот Абдукодир Давлатшоев роҳбарият ва мутахассисон ин тадбири муҳими истифодаи сарфаҷуёнаи қувваи барқро дарк намуданд. Муваффақ шуданд, ки дар як моҳ 15-16 квт. соат нерӯи барқ танҳо барои рушноидиҳӣ сарфа мегардад. Исрофи қувваи барк дар идора 5 баробар кам шуд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






