СЕМИНАР ДАР РОМИТ
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар дараи Ромит Ҷамъияти тахассусии тибби анъанавии халқӣ ва гиёҳпизишкони Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо кафедраи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари дурӯза гузаронданд. Семинар дар мавзӯи: «Мубодилаи таҷриба дар омӯзиши гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон» гузаронида шуд. Семинари амалӣ таҳти роҳбарии Раиси Ҷамъияти тахассусии тибби анъанавии халқӣ ва гиёҳпизишкони Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ ва профессори ДМТ Мирзо Устоев баргузор гардид. Дар доираи семинар мулоқот бо сокинони дараи Ромит гузаронида шуд. Бо онҳо дар бораи ҷамъ овардани гиёҳҳои шифобахши минтақа аҳду паймон карда шуд. Гиёҳҳои шифобахш барои тайёр кардани чойҳои табобатӣ истифода бурда мешаванд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






