ШАБАКАИ АВВАЛИ ТЕЛЕВИЗИОН ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЙҒАМБАРОН ФИЛМҲО НАМОИШ МЕДИҲАД
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон қарор дод, ки ояндаи наздик ба тарҷумаи филмҳо дар бораи пайғамбарон Исо ва Мӯсо шурӯъ кунад. Ин филмҳо дар ИМА ба навор гирифта шудаанд.Сармуҳаррири идораи филмҳои телевизионии Шабакаи аввал Соро Музофиршоева ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки намоиши чунин филмҳо ба тарбияи маънавию ахлоқии одамон мусоидат карда, ба онҳо имкон медиҳанд, ки роҳи дурусти зиндагӣ ва муносибат бо дигаронро ёд гиранд. Тавре хабар дода шуда буд, айни ҳол дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон тарҷумаи филми бадеии мусалсали «Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит» давом дорад. То имрӯз 20 серияи филми мазкур ба забони тоҷикӣ гардонда шудааст. Дар тарҷумаи филм ҳунарпешагон Ибодулло Машрабов, Нурулло Абдуллоев, Муҳаммадҷон Шодиев ва Дилбар Умарова иштирок доранд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






