ШУМОРАИ БЕКОРОН ДАР МАМЛАКАТҲОИ ИДМ МЕАФЗОЯД

Май 29, 2009 17:10

                         Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Аз рӯи маълумоти Созмони байналхалқии меҳнат, тӯли солҳои оянда шумораи бекорон дар мамлакатҳои ИДМ ва Ҷанубу Шарқи Аврупо то 35 фоиз зиёд хоҳад гашт. Шумораи онҳо соли равон аз 210 то 239 миллион нафарро ташкил медиҳад. Соли 2008 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 190 миллион нафар бекор буд.                          Ба қавли коршиносони Созмони байналхалқии меҳнат, вазъияти бозори меҳнат торафт муташанниҷтар мегардад. Моҳи март хабар дода шуда буд, ки дар натиҷаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ соли 2009 сафи бекорон нисбат ба соли 2007 аз 24 то 54 миллион нафар зиёд хоҳад шуд. Вале имрӯз изҳор карда мешавад, ки соли 2009 теъдоди бекорон аз 39 то 59 миллион нафарро ташкил дода метавонад.                         Дар робита мамлакатҳои ҷаҳон даъват карда мешаванд, ки барои пешгирии бекорӣ ва кам шудани музди кору маоши коргарон тадбирҳои қатъӣ ва судбахш андешанд. Аз ҷумла, ба мамлакатҳо тавсия дода мешавад, ки сохтмони роҳҳо, биноҳо ва иншоотҳоро афзоиш дода, бо ҳамин васила ҷойҳои нави кор муҳайё созанд.                        Созмони байналхалқии меҳнат аз 3 то 19 июн бахшида ба проблемаҳои бекорӣ конфронси байналхалқӣ баргузор месозад.                        Созмони байналхалқии меҳнат бо назардошти бӯҳронҳои гузашта чунин мешуморад, ки ҷараёни барқарор сохтани бозори меҳнат баъди ба охир расидани бӯҳрон аз чор то панҷ сол давом мекунад. Қайд карда мешавад, ки ҳар сол ба бозори меҳнати мамлакати ҷаҳон 45 миллион нафар дохил мегардад. Ин чунин маъно дорад, ки дар давоми солҳои 2009 — 2015 барои бо кор таъмин намудани онҳо 300 миллион ҷойи нави кор ташкил намудан лозим аст.                        Дар ин бора аз дафтари матбуоти СММ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Май 29, 2009 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд