ШУМОРАИ НАФАҚАХӮРОН АФЗОИШ ЁФТ

Май 20, 2009 11:11

                        Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мувофиқи нишондиҳандаҳои солонаи ҳисоботи оморӣ, теъдоди умумии нафакахӯрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 537 ҳазору 699 нафарро дар бар мегирад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба миқдори 8 ҳазору 530 нафар ё ин ки 1,6 фоиз афзоиш ёфтааст.Теъдоди гирандагони нафақаҳои меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ 461 ҳазору 401 нафарро ташкил медиҳад.                      Андозаи миёнаи нафақаҳои меҳнатӣ то бозҳисобӣ 50,29 сомониро ташкил медод. Баъди бозҳисобӣ ин нишондиҳанда ба маблағи 42, 55 сомонӣ зиёд гардида 92,84 сомониро ташкил намуд.                       Аз рӯи натиҷаҳои бозҳисобии нафақаҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки андозаи нафақа дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1,8 баробар афзуда аз 46,99 сомонӣ ба 87,36 сомонӣ баробар шудааст.

Май 20, 2009 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд