СИТОДҲО БАРОИ ПЕШГИРИИ ФАЛОКАТҲОИ ТАБИӢ
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боронҳои шадид дар деҳаи Пастихуфи ноҳияи Рӯшон ярч фуромад, дар деҳаи Хики ноҳияи Ванҷ ва мавзеи Кипарин дар километри 21 — уми роҳи мошингарди Хоруғ — Ишкошим сел омад ва дар наздикии деҳаи Дӯствехчи ноҳияи Роштқалъа сангрезии шадид мушоҳида карда шуд. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ин маҳалҳо ситодҳо ташкил карда шуданд. Барои бартараф сохтани оқибати фалокатҳои табиӣ тадбирҳо андешида мешаванд.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






