СОҲИБКОРОНИ АРАБИСТОНИ САУДӢ БА ТОҶИКИСТОН САРМОЯГУЗОРӢ МЕКУНАНД
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 22 май дар Маҷмааи давлатии «Кохи Вахдат» Анҷумани аввалини соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ватанӣ баргузор гардид. Анҷумани мазкурро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз сиёсати дарҳои кушодро ба роҳ мондааст, ки ин иқдом дар самти сармоягузории ширкатҳои хориҷӣ муфид аст. Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон қувваи кории арзон, захираҳои ашёи хом ва нерӯи барқ зиёд аст, ки аз ин метавонанд ширкатҳои Арабистони Саудӣ бо гузоштани сармоя истифода баранд. Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид зимни муаррифии муҳити самоягузории Тоҷикистон тазаккур дод, ки баргузории Анҷумани мазкур барои ҳарду ҷониб манфиатдор буда, самтҳои афзалиятноки муносибатҳои минбаъдаи иқтисодии Тоҷикистону Арабистони Саудиро муайян менамояд. Ӯ соҳибкорони саудиро бовар кунонд, ки Тоҷикистон ва қонунгузориҳои он ҳифзи сармояи ширкатҳои хориҷиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ кафолат медиҳанд. Роҳбари ҳайати Арабистони Саудӣ, муовини раиси Шӯрои Палатаҳои Саудӣ Абдураҳмон ибни Алӣ ал-Ҷирайсӣ омодагии ширкатҳои кишварашро ҷиҳати сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи Тоҷикистон изҳор намуда, қайд кард, ки Арабистони Саудӣ дорои таҷрибаи намунавии рушди иқтисод мебошад. Дар давоми соли 2008 нишондодҳои иқтисодии Арабистони Саудӣ ба 400 миллиард доллари ИМА баробар шуда, дар самти сармоягузорӣ ин кишвар дар ҷаҳон ҷойи 16-умро ишғол кард. «Ин мулоқот дар рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратии ҳарду кишвар мусоидат карда, мо бояд аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, баҳри тавсеаи ин равобит чораҳои мушаххас андешем ва камбудиҳои то имрӯз дар ин самт ҷойдоштаро бартараф намоем. Умедворам, ки ширкатҳои саудӣ ва Тоҷикистонӣ баҳри татбиқи лоиҳаҳои мухталиф, бахусус дар соҳаи энергетика, саноат, кишоварзӣ ва ғайра ба мувофиқа мерасанд», идома дод роҳбари ҳайати Арабистони Саудӣ. Инчунин, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии вазъи иқтисодӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт, муҳит ва имконияти сармоягузорӣ, ҷалби бахши хусусӣ ба иқтисодиёти мамлакат, рушди туризм, энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия баргузор гардид. Аз ҷониби соҳибкорони Арабистони Саудӣ бошад, лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқ, аз қабили коммуникатсия, энергетика, саноат, туризми экологӣ, куҳӣ, тандурустӣ ва шикорчигӣ, хоҷагии об, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди нафту газ муаррифӣ гардид. Пас аз зӯҳри имрӯз, мулоқоти соҳибкорон дар сексияҳои «Энергетика ва саноат», «Туризм», «Тандурустӣ» ва «Нақлиёт ва коммуникатсия» баргузор мегардад, ки дар онҳо татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки ҶТ баррасӣ хоҳад шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 22 май соати 18:00 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» роҷеъ ба натиҷаҳои ин Анҷуман нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






