СУҒД: МАКТАБИЁН ДАР ҚИРОАТИ «ҚУРЪОН» МАҲОРАТАШОНРО НИШОН ДОДАНД

Май 8, 2009 10:39

                     Хуҷанд, 8 май. (АМИТ "Ховар", Санавбар Мақсудова). Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чорчӯбаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 130 -солагии Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар бинои муассисаи давлатии "Маркази ҷавонон" озмуни вилоятии ҳофизони "Қуръон" шуда гузашт. Озмун бо ҳамдастии идораи маориф ва Шӯрои уламои дини вилоят гузаронида шуда, дар он беш аз 30 нафар хонандагони синфҳои аз сеюм то ёздаҳуми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кулли шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.                     Озмун дар се бахш — ҳофизии "даҳпора", "бистпора" ва "сипора" аз китоби "Қуръон"- гузаронида шуд.                    Ғолиби озмун дар қироати "даҳпора" аз ин китоби муқаддас хонандаи мактаб аз шаҳри Хуҷанд Юсуфҷон Холдоров шуд.                     Дар қироати бист пора (бист қисм) аз "Қуръон" Насриддин Мукаррамов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳорати аз ҳама баланд нишон дод.                     Дар қироати ҳамаи си пораи "Қуръон" хонандаи синфи ҳаштуми мактаби миёнаи рақами якуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдулҳафизи Абдулфариз ғолиби мутлақ дониста шуд. Абдулҳафизи Абдулфариз бо ифтихорномаи ташкилкунандагони чорабинӣ сарфароз гардонида шуд ва ҳамчунин телевизори ранга мукофот гирифт . Дигар иштирокчиёни озмун низ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.                      Акнун Абдулҳафизи Абдулфариз ва дигар ғолибони ин чорабинӣ дар озмуни ҷумҳуриявии ҳофизони "Қуръон", ки моҳи июни соли равон дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок хоҳанд кард.                      Дар сурат: 1.Китоби "Қуръон" бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва арабӣ.                                          2. Ғолиби мутлақи озмуни вилоятии ҳофизони "Қуръон" Абдулҳафизи Абдулфариз. (Суратгир — муаллиф).  

Май 8, 2009 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ