СУЛОЛАИ ҲАРБИЁН

Май 8, 2009 18:52

                        Бадахшон, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Баҳори соли 1942 Боронбек Алифбековро барои хизмат ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват мекунанд. Ин ҷавони 21-сола аллакай соҳиби 2 писар буд. Баъди як моҳи хизмат ҷанг оғоз гашт. Боронбек дар озодкунии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупо ширкат варзидааст. Дар озодкунии шаҳри Варшава ҷароҳати вазнине мебардорад. Испори тири фашистон замини чеҳраашро хеле шудгор карда буд. Баъди табобат аз Артиши Шӯравӣ ӯро ҷавоб доданд. Ба зодгоҳаш Дашти Болои шаҳри Хоруғ омада, дар нерӯгоҳи барқии ба номи Ленини шаҳри Хоруғ ба ҳайси монтёр ба кор даромад. Боронбек Алифбеков 8 фарзандро ба камол расонда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудааст. Замоне худаш Ватанро аз фашизм ҳимоя карду баъдан фарзандону набераҳояшро ба ин роҳ ҳидоят намуд. Писараш Султонбек мактаби олии ВКД СССР-ро бо дипломи аъло хатм кардааст. Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.    Наберагонаш Раҷаббек хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри Алма-Ато, майор. Аҳмад низ бо дипломи аъло Омӯзишгоҳи фармондеҳони шаҳри Алма-Ато, соли 2005 Академияи ҳарбии шаҳри Маскавро бо медали тилло хатм намуд. Алишер хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии фармондеҳони шаҳри Алма-Атост.

Май 8, 2009 18:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд