ТӮҲФАДИҲӢ ДАР «ЗАНГИ КАМОЛОТ» МАНЪ АСТ

Май 22, 2009 13:37

                        Душанбе, 22 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Хароҷоти беҳуда хусусан тӯҳфадиҳӣ ба омӯзгорон, наворбардории аз ҳад зиёд, шабнишинӣ, бастани лентаҳои хатмкунӣ, ҳамроҳ доштани телефони мобилӣ дар чорабини «Занги камолот, ки ҳамсола 25 май гузаронида мешавад, қатъиян манъ аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов иттилоъ дод.                        Мавсуф гуфт, ки чорабинии «Занги камолот» соли равон дар тамоми мактабҳои пойтахт дар доираи талаботи фармони вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов аз соати 8 то 9 баргузор мегардад. Баъди ин чорабинӣ дар тамоми мактабҳои пойтахт тибқи ҷадвали дарсӣ дарсҳо идома меёбанд.                       Шамсулло Исломов афзуд, ки соли равон мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахтро 22 ҳазору 22 нафар талаба хатм мекунад, ки аз он 12 ҳазору 959 нафарашон хатмкунандагони синфҳои 9 ва 9 ҳазору 68 нафарашон хатмкунандагони синфҳои 11 мебошанд.

Май 22, 2009 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад