ТАҶЛИЛИ БОТАНТАНАИ ИДИ ҒАЛАБА
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Дар шаҳри Душанбе барои таҷлили ботантанаи 64 солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ барномаи доманадори идона тартиб дода шуд. Аз ҷумла 8 май дар Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маҷлиси ботантана ва консерти калон бахшида ба ин ҷашни бузург баргузор мегардад. Ташкилкунандагони онҳо сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон, ҳайати қумондонии пойгоҳи 201-уми Россия дар Тоҷикистон ва Шӯрои ветеранҳои он мебошанд. Ҳамон рӯз дар майдони ба номи 800-солагии Маскав таҳти унвони «Онҳо Ватанро ҳимоя карданд» намоиши суратҳо кушода хоҳад шуд. Намоишгоҳи мазкурро то 29 май тамошо кардан мумкин аст. Ин намоишгоҳ бо ташаббуси намояндагии бунёди «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии Евразия» дар Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Дар намоишгоҳ расму ҳуҷҷатҳои иштирокчиёни ҷанг ва лаҳзаҳои муҳорибаҳо намоиш дода мешаванд. 9 май -рӯзи Ғалаба бо ёрии ихтиёриёни Маркази бачагону наврасони шаҳр амалиёти васеъи тақсимоти лентаҳои георгиевӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дар бораи ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мегардад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






