ТАЙЁРӢ БА ИДИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар саросари мамлакат тайёрӣ ба таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ давом дорад. Рӯзи ваҳдати миллӣ 27 июн ҷашн гирифта мешавад. Муовини аввали вазири фарҳанг Миралӣ Достиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки иди Ваҳдати миллӣ имсол дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Ба ин муносибат барномаи калони театрикунонидашуда таҳия карда мешавад. Дар он бештар аз 4850 нафар иштирок хоҳад кард. Муаллифи намоишномаи идона Ӯлмас Хол ва коргардони он Обидҷон Назаров мебошанд. Дар консерти идона ҳунарпешагони машҳур ширкат меварзанд. Тавре ки маълум аст, иди Ваҳдати миллӣ ҳар сол дар яке аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҷлил карда мешавад. Соли гузашта онро дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷашн гирифтанд. Иди Ваҳдати миллӣ имсол дар вилояти Суғд ва соли оянда дар шаҳри Хоруғ ҷашн гирифта мешавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






