ТАЪЛИМОТИ СОЗАНДА
Хуҷанд, 6 май. (Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Бахшида ба таҷлили ҷашни 1310 — солагии Имоми Аъзам дар Донишгоҳи давлатии ҳукук, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конфронси илмӣ — амалии устодону донишҷӯён дар мавзӯи «Мазҳаби Абӯҳанифа — омили муҳими ваҳдати миллӣ ва башарӣ» баргузор гардид. Конфронсро бо суханони ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Осимҷон Каримов ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки ба имзо расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли бузургдошти Имоми Аъзам талқин мекунад, ки фаъолиятро дар самти ташаккули худогоҳию худшиносӣ боз ҳам вусъати тоза бахшем. Имрӯз мо конфронси илмӣ — амалӣ ороста, туфайли ин ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ва шахсияти барҷастаи олами ирфон Абӯҳанифа Нӯъмон Ибни Собит рӯ меоварем. Вобаста ба ин зикр бояд кард, ки ҳадафи асосии баргузории конфронси илмӣ — амалӣ таҳти унвони «Мазҳаби Абӯҳанифа — омили муҳими ваҳдати миллӣ ва башарӣ» арҷгузорӣ ба фарҳанги пурғановати миллатамон, тавсea бахшидани ҳисси ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон, дар ҷаҳони пуртазоди муосир таъмин намудани бедории маънавӣ ва зиракии сиёсии насли ҷавон, ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят сохтани онҳост. Сипас сарвари донишгоҳ меҳмононро аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр, олимони варзидаи ислом, устодону муҳассилин, муҳаққиқони ҷавонро ба даргоҳи илму маърифатамон самимона хайра мақдам гуфт. Муовини Раиси вилоят, профессор Ваҳҳоб Машрабович Набиев номаи шодбошии раиси вилоят, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қоҳир Расулзодаро ба иштирокчиёни конфронс расонда, ҳозиринро ба ин муносибат табрик гуфт. Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Осимxон Каримов дар мавзӯи «Заминаҳои таърихию иҷтимоии таълимоти Имом Абӯҳанифа» басо самимӣ ва пурмӯҳтаво маърӯза намуд. Маърӯзачӣ аз ҷумла зикр намуд, ки дар партави иқдоми шоистаи Сарвари давлатамон — эълон гардидани Соли бузургдошти Имоми Аъзам мо бояд насли худогоҳу бедордил ва созандаеро ба камол расонем, ки барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон — Тоҷикистон софдилона ва содиқона хизмат карда тавонад. Сипас Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода — раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд дар мавзӯи «Гирифтори бемазҳабӣ нашавем», доктори илмҳои суханшиносӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров Абдуманнони Насриддин пиромуни «Таълимоти Имоми Аъзам оид ба эҳтироми волидон», номзади илмҳои филологӣ, дотсент Низомиддин Муродӣ доир ба «Ақидаҳои гуманистии Имоми Аъзам» суханронӣ намуданд. Ректори донишгоҳ О.Каримов конфронсро ҷамъбаст намуда, зикр кард, ки ҳар яки мо бо Имоми Аъзам барин фарзанди фарзонаи миллат, саҳми беназири онҳо дар рушди тамаддуни умумибашарӣ ифтихор намоем, осори гаронбаҳои онҳоро омӯзем ва ҳикмати ҷовидонаи абармардони миллии худро қутбнамои рӯзгори хеш қарор диҳем. Тазаккур бояд дод, ки тибқи барнома конфронси илмӣ — амалӣ дар ду қисм ҷараён гирифт. Қисми аввали он ҷаласаи умумӣ буда, қисми дуюм аз ҷаласаи бахшҳои устодон ва донишҷӯён иборат аст ва он аз рӯзи 28 апрел то 12 май идома меёбад.