ТОҶИКИСТОН ДАР ИДОРАИ САРҲАДОТИ МИНТАҚА НАҚШИ МУҲИМ МЕБОЗАД
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди чошти 26 май бо сафирони мамлакатҳои аъзои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо мулоқот кард. Баъди он мулоқоти сафирон бо хабарнигорон баргузор гардид. Дар он сафири Юнон Мара Маринаке изҳор намуд, ки зимни сӯҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тогҷикистон бисёр мавзӯъҳо муҳокима карда шуданд. Мо аз ҷумла, проблемаҳоеро мавриди баррасӣ қарор додем, ки Созмони амнияту ҳамкории Аврупо барои ҳалли онҳо кӯмак расонда метавонад, гуфт вай. Ба ақидаи мо, Тоҷикистон дар тақвияти муҳофизат ва идораи сарҳадҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад. Бинобар ин Тоҷикистонро дар ин масъала ҳамаҷониба дастгирӣ кардан лозим аст. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА баҳои мусбат дод. Ба ақидаи мо, нақшаҳо ва барномаҳои муштараки Тоҷикистон ва САҲА бомуваффақият иҷро карда мешаванд. Мо ҳамкориро бо Тоҷикистон давом дода, барномаҳои сершумори дигарро дар ин мамлакат амалӣ хоҳем кард, гуфт дар хотима Мара Маринаке. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки раёсати Созмони амнияту ҳамкории Аврупо айни ҳол ба зиммаи Юнон гузошта шудааст.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






