ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ КИШОВАРЗИИ КОБУЛ ШИРКАТ МЕВАРЗАД
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналхалқии баҳоронаи кишоварзӣ ширкат меварзад, ки аз 20 то 22 май дар пойтахти Давлати Исломии Афғонистон — шаҳри Кобул баргузор мегардад. Хоҷагиҳои калонтарини Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бо кӯмаки намояндагии Агентии рушди байналхалқии ИМА дар Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ иштирок менамоянд. Дар доираи намоишгоҳ мулоқоту сӯҳбатҳои соҳибкорону тоҷирон ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ баррасӣ карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки намоишгоҳи мазкурро Вазорати кишоварзӣ, обёрӣ ва домпарварии Афғонистон, Агентии дастгирии сармоягузории ин мамлакат ва Агентии дастгирии содироти мол, инчунин, Палатаи савдо ва саноати ин мамлакат бо кӯмаки техникии Агентии рушди байналхалқии ИМА ташкил менамоянд.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






