«ТОҶИКСТАНДАРТ» ТАРАФДОРИ ЧАРОҒАКҲОИ КАММАСРАФ

Май 6, 2009 18:34

                       Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Рӯзҳои охир мутахассисони Агентии стандартикунонӣ, метрология ва назорати савдои «Тоҷикстандарт» хеле серташвиш буданд. Тамоюли сарфа кардани қувваи барқ, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, Тоҷикистон ҳам аз ӯ дар канор нест. Дар мамлакат, баъди қабул кардани Фармони Президенти ҷумҳурӣ дар бораи истифода бурдани чароғакҳои каммасраф, талабот ба онҳо зиёд шуд. Инчунин воридоти чунин чароғакҳо ба Тоҷикистон афзуд. Сифати маҳсулоти воридшударо мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» тафтиш мекунанд.                   Ба қавли сардори шӯъбаи назорати давлатии Агентӣ Бой Рабиев, ки мутахассисон чанд намуди ин чароғакҳоро санҷиданд.                    Санҷиш нишон дод, ки лампаҳои нав воқеан ҳам каммасраф будаанд, — мегӯяд Бой Рабиев.- Мо ҳисоб карда баромадем, ки агар ними аҳолии Тоҷикистон ба истифодаи ин чароғакҳои каммасраф гузарад, сарфаи қувваи барқ чандин маротиба меафзояд.                      Ба қавли мутахассис чароғакҳои мазкур дар давоми 3 ҳазор соат бе каму кост кор мекунанд. Истифодаи як чароғаки каммасрафи 20 Ватта ҷои 5 чароғаки муқаррарии 100 Ваттаро мегирад. «Метавон гуфт, ки чароғакҳои каммасраф ҷиҳати мусбиашон зиёд аст, аз ин рӯ, тоҷикистониён метавонанд аз онҳо истифода баранд. Ҳамаи чароғакҳои озмудашуда сертификати сифати баланд дошта, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ мебошанд»,- қайд кард Бой Рабиев.

Май 6, 2009 18:34

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд