ВАКОЛАТИ РАИСИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИТСОН 7 СОЛ ШУД

Май 27, 2009 13:59

                          Душанбе, 27 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар ба мӯҳлати 7 сол ва муовинонаш ба мӯҳлати 5 сол таъин карда мешаванд.Қонуни мазкур 27 май аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар — Маҷлиси намояндагон қабул гардид.                           Масъалаи мазкурро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода шарҳ дода гуфт, ки яке аз паҳлӯҳои асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ворид кардани аъзоёни ҷамъият аст. Қаблан раёсати Бонки милли Тоҷикистон аз роҳбарони аввали Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарони идораҳои он иборат буд. Яъне раёсат аз дохили Бонк буд. Акнун дар асоси ин қонун ба раёсат роҳбари якум — раис ва муовинони ӯ ва се нафар собиқадорони соҳаи бонкдорӣ ва ё олимони барҷаста аз донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ пазируфта мешаванд.                           Шариф Раҳимзода афзуд, ки идораи Бонки миллии Тоҷикистон акнун аъзои ҷамъият аст. Дар ин радиф муносибати Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷамъият наздиктар мегардад. Яъне аъзои раёсат дар қабули қарор масъул буда, номзадии аъзои раёсатро худи Бонк пешниҳод мекунад.                          Ҳамзамон, моддаи 6-и қонуни мазкур ба таъмини амнияти кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур қисми боқимондаи фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон ба Буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Май 27, 2009 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид