ВОХӮРИИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ КОНФРОНСИ ИСЛОМӢ
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 20 май дар шаҳри Ҷидда бо Дабири кулли Созмони Конфронси Исломӣ Акмалиддин Эҳсоноғлу вохӯрӣ дошт. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Департаменти иттилооти ВКХ ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои кишварро бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ самаранок арзёбӣ намуда, хотирнишон сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш Ойинномаи Созмони Конфронси Исломиро (СКИ) ба тасвиб расонд ва омодагӣ гирифтааст, то созишномаҳои асосӣ, аз ҷумла, иқтисодиро дар мӯҳлати кӯтоҳтарин имзо кунад. Дабири кулли СКИ аз раванди муносибатҳои байни Созмон ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Созмон кӯшишҳои пайваста дорад. Ба андешаи А. Эҳсоноғлу баргузор гардидани иҷлосияи 37-и машварати вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмон дар шаҳри Душанбе дар соли 2010 нишонаи фаъолияти босамар ва пурмаҳсули Точикистон дар кори СКИ аст. Ӯ иброз дошт, ки дар баргузории ин чорабинии муҳим Котибот ва кишварҳои аъзо ба Тоҷикистон кӯмаку мусоидат хоҳанд кард. Дабири кулл таъкид дошт, ки дар ин кор метавонанд чунин кишварҳо, ба монанди Мамлакати Арабистони Саудӣ, Давлати Қувайт, Давлати Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Исломии Эрон кӯмак расонанд. Мувофиқа ҳосил шуд, ки рӯзҳои баргузории иҷлоси 37-и машварати вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СКИ дар шаҳри Душанбе баъдан муайян карда мешавад. Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз, вазъи минтақа, аз ҷумла вазъияти Афғонистон, Ироқ ва Фаластин табодули назар карданд.