ВОРИДОТИ ФУРӮЗОНАКҲОИ ГАРМИДАҲАНДА ЗИНА БА ЗИНА МАНЪ МЕГАРДАД

Май 15, 2009 16:25

                      Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Меъёри боҷи гумрукии воридоти фурӯзонакҳои гармидиҳанда (фурӯзонакҳои муқаррарии то имрӯз истифодашаванда) ду баробар зиёд карда шуд. Дар ин бора қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расид.                    Қарори мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ ироа гардида, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таҳия шудааст.                     Роҳбари раёсати котиботи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Анвар Латипов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ин тасмим бо мақсади иҷрои супориши Сарвари Давлат оид ба зина ба зина манъ кардани воридоти фурӯзонакҳои гармидиҳанда ва гузаштан ба истифодаи сартосарии фурӯзонакҳои каммасраф роҳандозӣ шуда, ба сарфаи нерӯи барқ мусоидат мекунад.                     Мавриди зикр аст, ки қаблан боҷи гумрукии воридоти ин гуна фурӯзонакҳо 5 фоиз буда, аз ин пас ба 10 фоиз баробар шуд.

Май 15, 2009 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд