ЯСМАН ОБОД МЕШАВАД
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси деҳоти Ясмани ноҳияи Рашт Исматулло Абдухалилов, ҳоло дар ду ҷамоати деҳоти мавзеи Ҳоит — Ясман ва Ҳоит беш аз 5 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Деҳоти Ясман аз соли 2004 арзи ҳастӣ дорад. Дар ҳудуди ин деҳот деҳахои Асёбдара, Воринг, Сафедоб, Ҳисорак, Шулдур, Қарияшаҳр ва Мусофирон даҳҳо иншоотҳои маданию маишӣ сохта ба истифода дода шуданд, аз ҷумла дар деҳаи Воринг Маркази саломатӣ ва дар деҳаи Ҳисорак бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Ду сол пеш ду нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 30-37 кВт соат сохта ба истифода дода шуд. Аз ин нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ сокинони деҳаҳои Давриюн, Сафедоб, Сиполинг ва Воринг бо барқи доимӣ таъмин карда шудаанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






