ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН БА РӮЙХАТИ ЮНЕСКО ДОХИЛ КАРДА ШУДАНД
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар Ҷумҳурии Қазоқистон семинари 5 рўзаи минтақавии ЮНЕСКО дар мавзўи «Пешниҳод гардидани ёдгориҳои таърихии Роҳи абрешим ба рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Дар он намояндагони 9 давлати Осиёи марказӣ ва Шарқи Наздик иштирок доштанд. Аз ҷумла Тоҷикистонро кормандони Вазорати фарҳанг ва Академияи илмҳо намояндагӣ карданд. Онҳо пешниҳод карданд, ки 8 ёдгории таърихии Тоҷикистон ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил карда карда шаванд. Ин пешниҳод аз ҷониби иштирокчиён дастгирӣ ёфт. Дар ин рўйхат ёдгориҳои таърихии Саразм, Бунҷикат, Қалъаи Ҳисор, шаҳраки Ҳулбук, Тахти сангин, Маъбади Буддоӣ дар Аҷинатеппа, Қалъаи Ямгун ҷой гирифтанд. Дар семинар асосан ба Қалъаи Ҳулбук таваҷҷўҳ зоҳир карда шуд. Зеро он таърихи оламшумул дошта, чандин маротиба намояндагони созмони ЮНЕСКО низ аз ин мавзеи таърихӣ дидан кардаанд. Дар семинар барои иштирокчиён сабтҳои видеоӣ дар бораи кашфиётҳо дар ин мавзеи таърихӣ пешкаш гардид. Ёдрас мешавем, ки Мамнўъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳулбук, ки аз соли 2004 дар феҳрасти ҳифзи ёдгориҳои ЮНЕСКО бахши фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид номнавис шудааст, ҳамеша дар мадди назари бостоншиносони ватаниву хориҷӣ қарор дорад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






