Ю.ПОПОВ : «ДАР КУШОДАНИ “САНГТУДА-1” МЕДВЕДЕВ МЕОЯД»

Май 15, 2009 13:28

                      Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди чошти дирӯз эътиборномаи сафири нави Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Поповро қабул намуд. Сафир баъди анҷоми мулоқоташ бо Президент зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон изҳор намуд, ки дар ҷараёни мулоқот ҳамаи масъалаҳои мавриди назари тарафайн баррасӣ карда шуданд. Ин масъалаҳо асосан ба ҳамкории ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои иқтисодӣ, ҳарбию сиёсӣ ва фарҳангӣ дахл доштанд. Мусоҳибон проблемаҳоеро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки дар муносибатҳои ҳар ду кишвар ҳанӯз аз замони шӯравӣ боқӣ мондаанд. Мо роҳҳои бартараф сохтани чунин проблемаҳоро муайян намудем, гуфт сафир. — Зимни ҳалли чунин проблемаҳо пеш аз ҳама манфиатҳои ҳар ду кишвар ба назар гирифта мешаванд. Боварии комил дорам, ки зимни фаъолияти ман дар вазифаи сафири Русия дар Тоҷикистон ба ҳалли ин проблемаҳо аҳамияти калон дода мешавад.                        Ю.Попов афзуд, ки ҳамроҳи Э.Раҳмон масъалаҳои марбут ба анҷом додани сохтмони НБО «Сангтӯда — 1» ҳамаҷониба муҳокима карда шуд. Сафир зикр кард, ки рӯзҳои наздик ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи мазкур рафта, дар машварати бахшида ба масъалаи пурра ба кор даровардани нерӯгоҳ иштирок хоҳад кард. Президент изҳори боварӣ намуд, ки ҳамаи масъалаҳои техникии сохтмони нерӯгоҳ ояндаи наздик ҳал карда мешаванд. Пешбинӣ карда мешавад, ки Президенти Русия дар маросими ба истифода додани нерӯгоҳ иштирок хоҳад кард. Мо ҳамчунин иштироки Русияро дар сохтмони нерӯгоҳҳои дигари хурду миёна дар Тоҷикистон баррасӣ намудем, гуфт сафир.                       Қайд карда шуд, ки вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори оммавии Русия ва Тоҷикистон роҷеъ ба сард гардидани муносибатҳои ҳар ду кишвар хабару мақолаҳо чоп мешаванд. Мулоқоти ман бо Президенти Тоҷикистон нишон дод, ки чунин даъвоҳо ягон асоси воқеӣ надоранд, таъкид кард сафири

Май 15, 2009 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид