ЗАРАР РӮЁНИДА ШУД

Май 8, 2009 18:38

                      Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи мутахассисони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зист 201 ҳодисаи қонунвайронкунии ҷангал ошкор карда шуд. Маблағи зарари ба хоҷагии ҷангал расида 28 ҳазору 643 сомониро ташкил дод. Аз маблағи зарари расонидашуда 10 ҳазору 588 сомониаш рӯёнида шуда, 29 мавод барои баррасӣ ба суд фиристода шудааст.                     Яке аз вазифаҳои асосии дар назди муассисаи мазкур гузошташда бунёди ҷангалзорҳои нав, барқароркунии ҷангалзорҳои кӯҳна назорат аз болои парвариш, бо ниҳолҳои мевадиҳанда таъмин намудани хоҷагиҳои ҷангал, пешгирии буриши ғайриқонунии ҷангалзорҳо, ҷамъоварии ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш ва тараққии соҳаи занбуриасалпарварӣ мебошад, ки айни замон хуб иҷро шуда истодааст,- иброз доштанд дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба мухбири АМИТ «Ховар».

Май 8, 2009 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд