1 ИЮН РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОН
Душанбе, 1 июн.(АМИТ "Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз 1 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кӯдакон таҷлил мегардад. Санаи таҷлили Рӯзи атфол ҳанӯз дар соли 1925 дар анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женеваи Швейтсария муқаррар гардида буд. 1 июн ҳамчун Рӯзи кӯдак бештар дар давлатҳои собиқ коммунистӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон бошад асосан 20 — уми ноябр, яъне дар рӯзи қабули эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва Аҳдномаи байналмилалии ҳуқуқи кӯдак, ки Рӯзи умумии кӯдакон эълон шудааст, таҷлил мекунанд. Дар робита ба ин сана 1 июн дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни идона, шавқовару фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор мешавад. Аз ҷумла, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Хазинаи хайрияи «Сарпараст» дар муҷтамеи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт хатнасури 500 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоати пойтахт бургузор мешавад, ки он шаҳодати ғамхории Ҳукумати мамлакат ба кӯдакон ва наврасон аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






