1 ИЮН-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ МУҲОФИЗАТИ БАЧАГОН

Июнь 1, 2009 11:50

                         Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайлова).- 1 июн дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳофизати бачагон ҷашн гирифта мешавад. Ин на танҳо яке аз идҳои фараҳбахш барои бачагон, балки як навъ хотирасон намудани калонсолон дар ин хусус мебошад, ки бачагон ба ғамхории доимӣ ва муҳофизати калонсолон ниёзманд мебошанд ва калонсолон барои ҳаёти хушбахтонаю осудаи бачагон масъуланд.                          Рӯзи байналмилалии муҳофизати бачагон аз соли 1950 бо қарори Федератсияи байналмилалии демократии занон таҷлил карда мешавад.                           Созмони Миллали Муттаҳид ин ташаббуси Федератсияи байналмиллалии демократии занонро дастгирӣ карда, муҳофизати ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии бачагонро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дод. Айни ҳол дар назди СММ Муассисаи махсуси наҷоти атфол фаъолият дорад.                            СММ соли 1959 Эъломияи ҳуқуқи атфолро қабул кард. Дар он падару модарон, мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ, ҳукуматҳо ва созмонҳои ҳукуматию ғайриҳукуматӣ даъват карда мешаванд, ки ҳуқуқу озодии бачагонро эътироф намуда, ба зиндагии осудаҳолонаю хушбахтонаи онҳо мусоидат намоянд. 20 ноябри соли 1989 Муоҳидаи ҳуқуқи бачагон қабул гардид.                             Рӯзи байналмилалии муҳофизати бачагон дар Тоҷикистон ҳар сол ботантана ҷашн гирифта мешавад.                              Аз рӯи маълумоти Муассисаи наҷоти атфоли СММ дар саросари ҷаҳон бештар аз нисфи бачагон дар оилаҳое тарбия меёбанд, ки азобу шиканҷа ва зӯроварии ҷисмонию руҳӣ барои онҳо амали муқаррарӣ мебошад. Дар бисёр мамлакатҳо бачагон қурбони амалиёту рафтори ҷинояткоронаи калонсолон қарор мегиранд. Бачагон дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ба ин ё он проблема дучор мегарданд. Масалан, дар ИМА, ки аз бисёр ҷиҳат барои мамлакатҳои дигар намуна аст, проблемаи тамошои аз ҳад зиёди телевизор аз ҷониби бачагон аҳамияти калон пайдо кардааст. Аз меъёр зиёд тамошо кардани телевизион ба саломатии бачагон таъсири манфӣ мерасонад. Дар мамлакатҳои Осиё ва Африқо бачагон дар шароити гуруснагӣ, бесаводӣ, муноқишаҳои мусаллаҳона ва бемориҳои вазнин зиндагӣ мекунанд.                           Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бачагии инсонро ҳамчун марҳалаи муҳими ҳаёти он шуморида, бо назардошти принсипҳои афзалиятноки омода сохтани бачагон ба ҳаёти шоиста дар ҷомеа, ривоҷ додани фаъолияти эҷодии онҳо ва тарбияи бачагон дар рӯҳияи олии инсонпарварӣ, ватандӯстӣ ва шаҳрвандӣ тадбирҳои судбахш меандешад.

Июнь 1, 2009 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд