1 КГ 912,2 ГР ГЕРОИН ЁФТ ВА МУСОДИРА КАРДА ШУД
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Чанде қабл, кормандони Агентии назароти маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2009» дар ҳудуди пойтахт бо ҷурми даст доштан ба фурӯши нашъа ду шаҳрванди ҷумҳуриро (номашон ҷиҳати халал наёфтани ҷараёни тафтишот зикр карда намешавад) боздошт намуданд. Аз ҷои истиқомати яке аз онҳо дар ноҳияи Ҳисор 1 кг 912,2 гр. героин ёфт ва мусодира карда шуд. Нафарони дастгиршуда муддати се моҳ таҳти назорату таҳқиқи кормандони оперативии Агентии назороти маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур хабар доданд, оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.