ҚОСИМ ҚОСИМОВ ПЕШИ ПОИ ПИРОНРО РАВШАН КАРД

Июнь 12, 2009 11:25

                   Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ вазири соҳа Косим Қосимов бори дуюм аст, ки аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ ба пиронсолон ва маъюбони хона — интернати ноҳияи Ёвон кӯмак моддӣ расонд.                  Баҳри амалӣ сохтани Фармони Президенти кишвар «Дар бораи чораҳои иловагии оид ба самаранок истифода бурдани нерӯи барқ» вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов барои равшан кардани хонаҳои сокинони хона- интернат 150 фурӯзонакҳои камхарҷро, ки маблағи он 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳанд, тӯҳфа намуд.                 Боиси ёдоварист, ки соли ҷорӣ дар таҷлили иди «Наврӯз» барои пиронсолон ва маъюбони ба дастгирӣ ниёзманди ин хона- интернат, Қосим Қосимов ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ дастурҳони пурнозу неъмати идона ташкил карда буд.                 Ба гуфти роҳбари маркази матбуот ва иттилооти вазорат Нарзулло Додобоев, ин муассиса аз соли 2000-ум инҷониб зери сарпарастии вазорати мазкур қарор дорад.

Июнь 12, 2009 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд