ҲАДАФИ ҲНИТ ЧИСТ?

Июнь 23, 2009 16:48

              Ассалому алайкум! Мо як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи "Ал-Азҳар"-и Миср, ба  Оҷонсии Миллии Иттилоотии "Ховар" эътимод дорем ва медонем, ки он дар фазои иттилооти мақоми хосае дорад. Бинобар ин аз шумо хоҳиш дорем, мақолаи мазкурро ба табъ расонед, то дастраси ҳамагон гардад.                 Бо изҳори сипос, гурӯҳи донишҷӯён.               Мо як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи байналмиллалии «Аль — азҳар»-и Ҷумҳурии арабии Миср мусоҳибаи раиси Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро бо хабарнигори шабакаи телевизионии «Ал-ҷазира» тамошо карда, натавонистем нисбати он хомушу бетафовут бошем. Зеро бо вуҷуди дур аз Тоҷикистони азиз будан, ҳисси миллатдӯстиву ватанпарастӣ моро водор месозад, то садои худро баланд намоем. Инак, чанд фикру ақидаи худро пиромуни мавзӯи мазкур иброз медорем.                Тавре ки ҳамагон огоҳӣ доранд, Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати созандаю босуботро пеш гирифта, баҳри барпо намудани ҷомеаи озоду шаҳрвандӣ қадамҳои устувор мегузорад ва дар ин росто ба натиҷаҳои назаррасе ноил гардидааст. Ҳоло дар Тоҷикистон барои фаъолияти озоди сиёсию иқтисодӣ, ҷамъиятию фарҳангӣ ва динӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ки нируҳои дорои ақидаҳои гуногунро муттаҳид кардаанд, инчунин шумораи зиёди ташкилоту ҳаракатҳои ҷамъиятӣ дар кишвари мо озодона фаъолият доранд. Ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки дар Тоҷикистон Ҳизби назҳати исломӣ расман фаъолият дорад ва аз ҷиҳати ақидаву хусусияти диниаш дар тамоми минтақаҳои Осиёи Марказию Кавказ ягона мебошад. Ҳизби мазкур озодона дар интихоботҳои парламентӣ ширкат варзида, намояндагони худро дар Маҷлиси Олии ҶТ низ дорад.               Аммо вақтҳои охир баъзе нируҳои сиёсӣ ва шахсони алоҳида кӯшиш мекунанд дастовардҳои Тоҷикистонро вобаста ба бунёди ҷомеаи озоду шаҳрвандӣ нодида бигиранд. Онҳо мехоҳанд бо ҳар гуна изҳороту баромадҳои ғаразноки худ фазои ороми сиёсиву ҷамъиятии Тоҷикистонро халалдор сохта сиёсати давлатии кишвари моро мавриди танқиди беасос қарор диҳанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо мусоҳибаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо хабарнигори шабакаи телевизионии «Ал-ҷазира» мебошад, ки асоси воқеӣ ва мантиқи дуруст надорад. Мо ба шахсияти Кабирӣ кор надорем, вале ӯ бо мақсади расидан ба ҳадафи худ ҷараёни воқеаҳоро дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон дидаю дониста ғалат шарҳ медиҳад.                 Бояд зикр кард, ки роҳбари собиқи ҲНИТ С. А. Нурӣ баъди барқарор гардидани сулҳу субот хатогиҳои қаблии худро то андозае дарк карда, барои дуруст ва дар чаҳорчубаи қонунҳо ба роҳ мондани фаъолияти ҳизби мазкур кӯшишҳо мекард. Аммо баъди фавти ӯ ва ба роҳбарии ҲНИТ расидани М. Кабирӣ фаъолияти ҳизб ба куллӣ тағйир хӯрдааст. Вай бо истифода аз имконоти расонаҳои хабарӣ ҳар гуна изҳороту мусоҳибаҳо пахш сохта, мехоҳад фаъолияти ҲНИТ-ро таблиғ намояду онро чун ҳизби муборизи исломӣ нишон диҳад.                Аз ҷумла, дар мусоҳибааш бо хабарнигори «Ал-ҷазира» М. Кабирӣ аз фишорҳое, ки гӯё аз ҷониби Ҳукумат зимни баргузории интихоботи парламентӣ ба ҲНИТ оварда мешавад, сухан гуфтааст. Вале ба аҳолии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки интихоботи гузаштаи парламентии ҶТ мувофиқи қонунҳои мавҷуд буда ва меъёрҳои ҷаҳонӣ баргузор гардида, зимни он ягон қонуншиканӣ ё тақалубкорӣ рух надодааст. Тамоми нозирони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ натиҷаи он интихоботро эътироф карда буданд. Мардум озодона ба номзадҳои худ овоз дода буданд. Вале дар парламент ҷойи зиёдтарро ишғол карда натавонистани ҲНИТ масъалаи дигар аст. Яъне мардум ба ин ҳизб боварию эътимод надорад. Шояд дар интихоботи навбатӣ ин ҳизб умуман, дар парламент ягон ҷое ҳам нагирад. Зеро роҳбарияти он бо ҳаргуна изҳороту сухангӯиҳои беасос ва иқдомоти ғаразнокашон дар байни аҳолии кишвар тасаввуроти боз ҳам манфитарро нисбати ҲНИТ ҳосил кардаанд. Кашмакашиҳои дохилии худи ҲНИТ, ҷой доштани маҳалгароӣ, хешу таборчигӣ, гурӯҳбозӣ, дурӯягӣ, ришваситонӣ ва моҷароҳо дар фаъолияти роҳбарияти он ҳатто аъзоёну ҷонибдоронашонро аз ояндаи ин ҳизб дилсард сохтааст. Онҳое, ки қаблан ҳизби мазкурро ба сифати ҳимоятгари манфиатҳои дини ислом ва пайравони он медонистанд, ҳоло ба таври амиқ дарк кардаанд, ки ҲНИТ танҳо ба манфиати як гурӯҳи муайяни роҳбарикунандаи он хизмат мекунад ва тақрибан мисли як ширкати тиҷоратӣ аст. Маблағҳоеро, ки роҳбарону масъулини ҲНИТ аз ташкилоту созмонҳои хориҷӣ гӯё барои пешрафти фаъолияти худ доир ба дини ислом ба даст меоранд, бо мақсадҳои шахсиашон сарф месозанд. Масалан, масъулони ҲНИТ ҳар сол як маротиба аз созмонҳои диниӣ — фарҳангии кишварҳои арабӣ барои доир намудани ҳамоиши донишҷӯёни тоҷике, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд ва пеш бурдани фаъолияти илмию фарҳангии онҳо маблағи муайяне мегиранд. Аммо ин маблағҳо барои корҳои дигар харҷ мегарданд. Албатта ин амали онҳо тадриҷан обрӯи ҳизбро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ паст месозад.                 Ҷиҳати дигари фаъолияти ҲНИТ, ки ба ақидаи мо, басо нафратовару нангин мебошад, он аст, ки роҳбарону масъулони ин ҳизб ба хотири манфиатҳои моддии худ мазҳабашонро фурӯхтаанд. Аниқтар карда гӯем онҳо дар шароити феълӣ бар ивази маблағи пулӣ ва дигар дастгириҳои хоҷагони хориҷиашон ба мазҳаби шиъа гаравидаанд ва албатта хостаи онҳоро ба иҷро мерасонанд. Ҳол он ки соли равон соли бузургдошти асосгузори мазҳаби Ҳанафия — Эмоми Аъзам аст ва ҳатто аҳолии Миср худро пайравони ин абармард меҳисобанд. Пас, онҳо ба хотири манфиати худ ба ҳар коре қодиранд ва ба осонӣ метавонанд аз баҳри дигар муқаддасоте ба мисли Ватану миллат бигзаранд.                   М. Кабирӣ дар хусуси ҳиҷоби исломии занону духтарони Тоҷикистон сухан гуфтанро хуш дорад ва зимни мусоҳибааш бори дигар ин масъаларо бардоштааст. Ў мехоҳад бо истифода аз ин масъалаи нозук дар назди кишварҳо ва созмонҳои исломӣ худро муборизи дини ислом нишон диҳад, ки албатта мақсадаш боз ҳам дарёфти дастгирии моддию маънавии онҳост. Лекин ба ҳама маълум аст, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи ҳуқуқбунёду озод побарҷост ва озодии виҷдони шаҳрвандон дар қатори дигар ҳуқуқҳояшон таъмин гардидааст. Мардум бемамоният талаботи шариати исломиро ба ҷо меоранд. Аз ҷумла дар масҷидҳо намоз мегузоранд, илми динӣ меомӯзанд, дигар маросимҳои исломиро ба ҷо меоранд. Пӯшидани ҳиҷоби исломӣ низ озод аст ва ҳар зан ё духтаре агар хоҳад метавонад онро ба бар намояд. Вале донишҷӯдухтарон ва занҳое, ки кормандони муассисаҳои давлатиянд, албатта бояд қоидаҳои дохилии он ташкилотҳоро риоя созанд. Дар сатҳи сиёсию ҷаҳонӣ бардоштани муҳокимаи ин масъала ва ба сиёсати давлатии Тоҷикистон марбут сохтани он аз рӯи мантиқ ва одоб намебошад.                   Масъалаи дигаре, ки М. Кабирӣ дар мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони «Ал-ҷазира» мавриди баррасӣ қарор додаст, ба фаъолияти ҲНИТ дар хориҷи кишвар марбут аст. Кабирӣ зикр кардааст, ки ҲНИТ аз манфиатҳои дини ислом на танҳо дар дохили ҶТ, балки берун аз он ҳам ҳимоя мекунад. Мисол овардааст, ки аввали соли равон вобаста ба муноқишаи байни Фаластину Исроил ҲНИТ фаластиниҳоро дастгирӣ карда, маблағи калони пулӣ барои онҳо ҷамъоварӣ намуда, фиристодааст. Албатта ин иқдоми роҳбарияти ҲНИТ ҳам аз як амали худнамоӣ ва намоишкорӣ бештар нест. Зеро саволе ба миён меояд, ки агар ҳизби мазкур чунин қобилияти ташаббускорию кӯмакрасонӣ дошта бошад, пас чаро ба аҳолии худи Тоҷикистон, ки ба қавли худи Кабирӣ аксарияташ дар шароити фақр зиндагӣ дорад, дасти ёрӣ дароз намекунад? Ё чаро ташаббус нишон дода барои сохтмони НОБ-и «Роғун» ва дигар иншооти ҳаётан муҳими Тоҷикистон маблағ ҷамъ намеорад?  Умуман, ҳадафи ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз чӣ иборат аст?               Хулоса, чи дар дохили Тоҷикистон ва чи дар хориҷа ҲНИТ обрӯю мавқеи барои ҳизби сиёсӣ заруриро надорад. Ва албатта наметавонад дар интихоботи ояндаи парламентӣ бо ҳизбҳои дигари кишвар рақобати дуруст намояд. Мо ҷавононе, ки дар пайи дарёфти донишу илми исломӣ ҳастем дигар фирефтаи чунин сиёсатбозиҳои ҲНИТ нахоҳем шуд. Итминони комил дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон масъалаи мазкурро дарк намуда, хулосаи дуруст мебарорад.               Бо эҳтиром,               Як гурӯҳ ҷавонони тоҷик — донишҷӯёни Донишгоҳи байналмиллалии «Ал-азҳар»-и шаҳри Қоҳираи Миср. 

Июнь 23, 2009 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид
Дар Файзобод оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ вохӯрӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор гардид