ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ БА ИТАЛИЯ РАФТ

Июнь 25, 2009 10:45

                   Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ субҳи имрӯз бо мақсади иштирок дар малоқоти вазирони корҳои хориҷии 8 мамлакати клалонтарини тараққикардаи саноатии ҷаҳон ба Италия рафт. Мулоқоти мазкур дар шаҳри Триест баргузор мегардад ва дар он проблемаҳои Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ карда мешаванд.                 Тибқи нақша вазирони корҳои хориҷӣ дар маҷлиси умумӣ ва 3 маҳфили алоҳида иштирок хоҳанд кард. Дар фарҷоми мулоқот бо иштироки ҳайатҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ ташкил карда мешавад.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳ. Зарифӣ зимни сафари Италия бо вазири корҳои хориҷии Австралия Стивен Смит ва вазири корҳои хориҷии Канада Лоренс Кеннон мулоқот хоҳад кард.                                                                                                        Тарҷумаи Қудратов А. 

Июнь 25, 2009 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид