ҲАВОПАЙМОҲОИ ХФБ-И РУСИЯ ДАР БАДАХШОН

Июнь 16, 2009 10:37

                Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Хушнуд Раҳматуллоев, дар асоси Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз моҳи октябри соли 2004 оид ба ҳамкорӣ дар сарҳад, 2 ҳайати ҳавопаймоӣ — АН-26 ва АН- 72-и Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия барои кӯмаки маҷонӣ ба ихтиёри қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиии Тоҷикистон дар сарҳади Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон супорида шуданд.               Ҳайати ҳавопаймоӣ дар ин муддат беш аз 65 тонна борҳои гуногунро тавассути ин 2 ҳавопаймо ба сарҳадбонони ВМКБ интиқол додааст.                Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, минбаъд ҳам дар доираи ҳамин Созишнома, ҳайати идоракунандаи ҳавопаймоҳои сарҳадии ХФБ- и Россия ба сарҳадбонони тоҷик кӯмак хоҳанд кард.  

Июнь 16, 2009 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд