ҲОЛАТИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ БА МАҚСАД МУВОФИҚ НЕСТ
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳисоботи омории хоҷагиҳо нишон дод, ки дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳолати техникаи кишоварзӣ сол то сол ба мушкилоти зироаткорону боғдорон таъсири мусбӣ расонида наметавонад. Ба он нигоҳ накарда, ки корхонаҳои истеҳсолкунандаи техникаи кишоварзӣ рӯи кор меоянд, кишоварзон бо сабаби надоштани қобилияти харидорӣ ҳамзамон аз техникаи кӯҳна истифода мекунанд, ки чандон самарабахш нест. Соли ҷорӣ дар ҳамаи корхонаҳои кишовазӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермеӣ) 15650 тракторҳои гуногунтамға ба ҳисоб гирифта шудааст, ки аз онҳо 10268 адади он (66 фоиз) дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд. Омодагии тракторҳо дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон 59 фоиз, ноҳияҳои Файзобод (44 фоиз), Тоҷикобод- 45, Шаҳринав -51, Турсунзода -55, Варзоб-57, Ҷиргатол-60 ва Ваҳдат 63 фоиз аз ҳисоби миёнаи ҷумҳурӣ кам мебошад.








Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст






