Ҳ. ЗАРИФӢ: «ПРОБЛЕМАҲОИ АФҒОНИСТОН ҲАЛЛИ НИЗОМӢ НАДОРАД»

Июнь 30, 2009 14:59

                   Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 27 июни соли 2009 дар шаҳри Триестаи Италия дар мулоқоти машваратии вазирони корҳои хориҷии ҳашт мамлакати пешрафтаи саноатии ҷаҳон (Гурӯҳи ҳаштгона) оид ба Афғонистон ва андозагирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.                    Иштирокчиён ин мулоқот оиди масъалаҳои рушди иқтисодиёт ва инфраструктура, гурезаҳо, муҳоҷират ва захираҳои инсонӣ, кишоварзӣ ва амнияти озуқавориро мавриди баррасӣ қарор доданд.                    Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки таваҷҷӯҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати мушкилоти Афғонистон зарурати ҳарчи зудтар барқарор намудани сулҳ ва эҳёи иқтисодиро дар сарзамини ҷафокашидаи афғон таъкид мекунад.                  Тоҷикистон, изҳори боварӣ менамояд ки проблемаҳои Афғонистон ҳалли низомии худро надорад, бинобарин кӯшиши асосиро ба дастгирии омили сохтмони иқтисодии кишвар равона кардан зарур мешуморад.                   Ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Афғонистон яке аз усулҳои самараноки мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои мавҷуд аст.                  Бо назардошти ин боварӣ, Тоҷикистон дар дарёи сарҳадии Панҷ панҷ пул бунёд карда, дар ҳолати мавҷуд будани имкониятиҳои зарурии молиявӣ боз чанд пули дигар сохтанист.                 Пурра истифода бурдани иқтидори транзитии минтақа тавассути суръатбахшӣ ба сохтмони магистралҳои байниминтақавӣ ба манфиати ҳамаи мост. Баромадан ба бандарҳои уқёнуси Ҳинд ва баҳри Араб тавассути роҳҳои Афғонистон барои рушди тиҷорати ҷаҳонӣ имкониятҳои навро фароҳам оварда, ба рушди иқтисодии на танҳо Афғонистон, балки кишварҳои минтақа низ таъсири мусбат хоҳад дошт.                 «Мо бевосита дар назди дарёи сарҳадӣ минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд сохта, соҳибкорони афғонро низ ба он ҷо даъват мекунем. Аз ҷониби Тоҷикистон кушода шудани нуқтаҳои савдои наздисарҳадӣ дар сарҳад бо Афғонистон дар беҳсозии ҳаёт ва маишати аҳолии он сӯи сарҳад саҳми худро мегузорад. Мо омодагиамонро барои дар оянда васл сохтани шабакаи сохташавандаи роҳҳои оҳани Афғонистон бо хатти роҳи оҳани худ таъкид мекунем. Дар ин қарина, роҳи оҳане, ки кони бузурги МИСИ Айнаки Афғонистонро тавассути Тоҷикистон бо Қирғизистону Хитой пайваст хоҳад кард, барои минтақа аҳамияти хоси тиҷоратӣ-иқтисодӣ хоҳад дошт», — тазаккур дод Ҳ. Зарифӣ.                  Якҷоя амалӣ сохтани лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ба комёб шудан ба натиҷаҳои мушаххас дар дастгирии сулҳу субот дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард.                  Барои мисол, фақат сохтмони НБО Даштиҷум дар дарёи сарҳадии Панҷ, иқтидори лоиҳавиаш 4000 мегаватт, на танҳо таъмини Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои минтақаро бо нерӯи барқ беҳтар хоҳад сохт, балки барои иловатан обёрӣ намудани беш аз 1,5 млн га замин дар Афғонистони ҳамсоя ва Узбекистону Туркманистон шароиту имконият ба вуҷуд хоҳад овард.                 Сохтмони дигар корхонаҳои саноатӣ дар минтақаи наздисарҳадӣ, аз ҷумла, заводи семент дар Шаҳритус, барои таъмин намудани Афонистон бо маводи сохтмон, ки барои эҳёи иқтисодии Афғонистон зарурати калон дорад, хизмат хоҳад кард.                  Ҳамин тариқ, чунин мешуморем, ки дар баробари усулҳои анъанавии тавассути истифода аз нерӯ бо хатару таҳдидҳои нав, усули иқтисодии муқовимат бо онҳо метавонад бисёр ҳам муфид ва таъсирбахш бошад», гӯфт дар хотима Ҳ.Зарифӣ.

Июнь 30, 2009 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад