ҶАВОНОНИ ХОРУҒ АЗ ҚИСМИ НИЗОМӢ ДИДАН КАРДАНД

Июнь 18, 2009 16:42

                    Хоруғ, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Дар қисми низомии 01123-и шаҳри Хоруғ мулоқоти хатмкунандагони соли ҷории мактабҳои шаҳр бо афсарону аскарони ин қисми низомӣ баргузор гардид. Наврасон як рӯзи худро дар ин ҷо ба омӯзиши техникаву лавозимоти ҳарбӣ ва мулоқот бо афсарону сарбозон сипарӣ намуданд.                     Комиссари ҳарбии ВМКБ Зафар Давлатов дар сӯҳбат бо ҷавонон тазаккур дод, ки бо фармони вазири мудофиаи кишвар, ҷиҳати омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамасола машқҳои низомӣ доир мегарданд, ки ин тадбирҳо имконият медиҳанд то наваскарон ҳангоми хизмат душворӣ накашанд.                     Дар фарҷоми мулоқот ҷавонон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, аз хобгоҳу ошхона, хазинаи нигаҳдории силоҳ ва синфхонаҳои таълимӣ дидан намуда, савори мошинҳои зиреҳпӯш гирди майдончаи қисми низомиро давр заданд.  

Июнь 18, 2009 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд