ҶАЗО БАРОИ ТАШКИЛИ ФОҲИШАХОНА
Кӯлоб, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). Додгоҳи шаҳри Кӯлоб сокини шаҳри Кӯлоб Баргигул Қувватоваро бо ҷурми ташкили фоҳишахона ба мӯҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум намуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» намояндаи додгоҳ Фурқат Раҳматуллоев хабар дод, ин зан тибқи моддаи 239-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, янеъ ташкил ва нигоҳ доштани фоҳишахона ҷазо гирифт. Ин зан дар хонаи шахсии худ чанд муддат духтаронро барои ҳамхобагӣ бо мардон ҷалб намуда, аз онҳо барои ин «хизмат» маблағи муайян мегрифтааст. Дар рафти мурофиаи судӣ зан ба гуноҳи худ иқрор шуда, аз кардааш изҳории пушаймонӣ намуд-гуфт Фурқат Раҳматуллоев. Тибқи иттилоои ин манбаъ ҳодисаҳои ба додгоҳ кашидани як зан бо чунин ҷурм дар соли равон барои аввал аст, вале соли гузашта ду зани дигар барои чунин аъмол ҷазо гирифтанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






