ҶТ САРМОЯГУЗОРИРО ДАР СОҲАҲОИ ИҚТИСОДУ САНОАТ ПЕШНИҲОД НАМУД
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар анҷумани аввалини соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар Душанбе раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралиев иброз намуд, ки сиёсати дарҳои кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузории ширкатҳои хориҷӣ хуб мусоидат карда метавонад. Мавсуф барои сармоягузорӣ аз ширкатҳои давлати Арабистони Саудӣ даъват ба амал овард. Боиси тазаккур аст, ки соли 2008 нишондодҳои сармоядорӣ дар Арабистони Саудӣ ба 400 миллиард доллари ИМА баробар шудааст. Арабистони Саудӣ дар дунё дар самти сармоягузорӣ дар ҷойи 16-ум қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузориро дар ислоҳоти иқтисодӣ, лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахши хусусӣ, рушди туризм, энергетика, саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, саноати кӯҳӣ ва ғайра ба сармоягузорони Арабистони Сауди пешниҳод намуд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






