ҶУСТУҶЎИ ҲАВОПАЙМОИ ГУМШУДА ДАВОМ ДОРАД
Рио де — Жанейро, 2 июн. (АМИТ «Ховар»- ИТАР-ТАСС).- Ҷустуҷӯи ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавонавардии Фаронса, ки 2 рӯз пеш зимни парвоз дар фазои уқёнуси Атлантика гум шуда буд, то ҳол давом дорад. Дар амалиёти ҷустуҷӯи ҳавопаймо киштиҳо ва ҳавопаймоҳои Фаронса ва Бразилия иштирок доранд. Фаронса аз Амрико хоҳиш намуд, ки радифҳои сунъии худро ба маҳалли ҷустуҷӯи ҳавопаймо равона созад. Мақомоти марзбони Сенегал дирӯз хабар доданд, ки дар наздикии соҳилҳои мамлакат шикастапораҳои ҳавопайморо дарёфт кардаанд. Алҳол маълум нест, ки ин шикастапораҳо ба ҳавопаймои гумшудаи Фаронса мутааллиқанд ё не.Хабар дода мешавад, ки ҳавопаймои мусофирбари Фаронса 1 июн зимни парвоз аз шаҳри Рио де-Жанейро ба Париж дар фазо гум шуд. Сарнишинони он қабл аз ин хабар дода буданд, ки ҳавопаймо ба гирдоби шадид дучор шудааст. Алоқаи радио бо ҳавопаймо баъди 3,5 соати парвоз қатъ гардид. Ҳавопаймо 12 сарнишин ва 228 мусофир дошт, яке аз мусофирони он шаҳрванди Русия мебошад.








Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид






