ӮЗБЕКИСТОН БАРҚИ ТОҶИКИСТОНРО НАМЕГИРАД

Июнь 17, 2009 10:07

                Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои созишномаҳои худ ҳамеша содиқ аст,-иброз доштанд дар Вазорати энергетика ва саноат. Чунон ки ҳамагон медонанд,Ҷумҳури Ӯзбекистон созишномаи байниҳукуматиро дар бораи интиқоли барқ ба Тоҷикистон дар тирамоҳ ва зимистони соли 2008-2009 ба андозаи 25 фоиз коҳиш дода, ба ҷои 300 млн. кВт соат, ҳамагӣ 251 млн. кВт соат нерӯи барқ ба Тоҷикистон содир намуд.                Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми май ба бозпасгардонии нерӯи барқи аз Ҷумҳурии Туркманистон гирифтааш оғоз кард, аммо Ҷумҳурии Ӯзбекистон то ҳанӯз дар бораи ворид кардани барқ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост надодааст.                Ёдовар мешавем, ки дар фасли тобистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ, ки тирамоҳи соли 2008 ба имзо расидааст, ба андозаи 450 млн. кВт соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад ва Ҷумҳкурии Ӯзбекистон 50 млн. кВт соат нерӯи барқи дар асоси созишнома надодаашро тирамоҳи соли ҷорӣ бояд бе таъхир баргардонад.

Июнь 17, 2009 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд