2 ҲАЗОР НАВРАС БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД

Июнь 8, 2009 17:06

               Мӯъминобод, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар мактабҳои рақами 2 ва мактаб — интернати ятиму бепарасторони рақами 5-и ноҳияи Мӯъминобод лагерҳои меҳнатию истироҳатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Айни замон дар лагерҳои тобистонаи истироҳатӣ беш аз 150 нафар истироҳат менамоянд.                Боиси зикр аст, ки соли ҷорӣ дар ноҳияи мазкур дар басти дигар беш аз 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола барои истироҳати бофароғати хонандагон шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешавад. Соли ҷорӣ дар лагерҳои меҳнатӣ — истироҳатии ноҳияи номбурда беш аз 2 ҳазор нафар наврасон ҷалб карда шудааст. Хонандагон вақти зиёди худро ба варзиш сарф менамоянд.                                                                                                    Таҳрири Жасмин Назарова

Июнь 8, 2009 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд