23 ИЮН — РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ КУМИТАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ОЛИМПӢ

Июнь 16, 2009 16:02

               Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 23 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи таъсисёбии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷашн гирифта мешавад.               Тавре ба АМИТ «Ховар» роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО ҶТ) Вамариҷ Муродов хабар дод, дар Тоҷикистон соли аввал аст, ки аз ҷониби КМО Тоҷикистон баргузории бошукӯҳ ва мутантани он ба нақша гирифта шудааст. «Рузи олимпӣ» зери шиори «Варзиш, фарҳанг, маориф ҳамқадаманд» ҷараён хоҳад гирифт, ки ин шаҳодати дар амал татбиқ гаштани ғояи олимпизмро мефаҳмонад.               Бахшида ба ин рӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ ба назар гирифта шудааст.                Аллакай марҳилаҳои аввали омодагӣ ба он, бо баргузор гаштани Бозиҳои варзишӣ миёни мактаббачагон дар истироҳатгоҳҳо оғоз шуд.                Аз рӯи нақша 23 июн «Рӯзи олимпӣ» дар шаҳри Душанбе мусобикаҳои варзишӣ оид ба камонварӣ, волейбол, давидан ба масофаи 10 километр, стритбол, кросси велосипедронон (Душанбе-Қалъаи Ҳисор), шиноварӣ, вохӯрии рафиқонаи тими олимпии Тоҷикистон оид ба футбол бо пешсафи дастаи лигаи олии мамлакат, расми беҳтарин дар мавзӯъи варзиш, намоиши филмҳои варзишӣ тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ва ғайра гузаронида хоҳад шуд.                Инчунин, мусобиқаҳои варзишӣ миёни муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ва шаҳри Алматой Қазоқистон баргузор хоҳанд шуд.

Июнь 16, 2009 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд