АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОН 7,6 МИЛЛИОН МЕШАВАД
Душанбе, 15 июн. (НИАТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи дуюми Комиссияи мусоидат ба рўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҷеъ ба рафти омодагӣ ба маъракаи «Барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010» ҳисоботи масъулони соҳа шунида шуд. Таъкид гардид, ки барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба гузаронида шуда, маъракаи муҳими сиёсӣ ба ҳисоб меравад ва баргузории он барои муайян кардани дурнамои ҷараёни рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, гирифтани маълумот дар бораи шумора ва ҷойгиршавии аҳолӣ, шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол ва барои муайян кардани манбаъҳои асосии барои аҳолӣ ҳаётан муҳим аҳамияти калон дорад. Оқил Оқилов роҳбарони сохторҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ба рўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд. Аз рўи ҳисоботҳои пешакӣ соли 2010 аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 7,6 миллион баробар шуда, дар маъракаи барўйхатгирӣ тахминан ба ҳар нафари аҳолӣ 1,6 доллари америкоӣ масраф хоҳад шуд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






