АКАДЕМИЯИ МУШТАРАКИ ИЛМҲОИ ҶТ ВА ҶИЭ ТАЪСИС МЕЁБАД?

Июнь 12, 2009 11:18

                     Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ҳамкориҳои илмиро миёни олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон ва фарҳангистони Эрон зимни баргузории як конфронс камранг ход. Ба гуфти сафир Алиасғари Шеърдӯст Эрон ҳавасманд аст, ки бо Тоҷикистон як Академияи муштараки илмҳоро таъсис диҳад.                     Алҳол чанд нафар олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон узви фарҳангистони Эрон мебошанд, ки дар тавсеаи ҳамкориҳо чандон назаррас нест. Ба Академияи муштарак дар оянда Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ ҳамроҳ хоҳад шуд.                       -Таъсиси як Академияи муштарак миёни давлатҳои форсизабон боиси рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши илму фарҳанги ин мардуми ҳамдину ҳамҷавор мегардад,- афзуд сафир. 

Июнь 12, 2009 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд