АМАЛИЁТИ БОБАРОРИ САРҲАДЧИЁНИ ДАРВОЗ

Июнь 1, 2009 12:51

                       Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Чунон ки аз Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ доданд, рафти амалиёти «Кӯкнор -2009» дар сарҳади ҷанубии кишвар бобарор мегузарад. Ҳафтаи охири моҳи май дар маҳалли сарҳадии Зиғар — Валвалаки ноҳияи Дарвоз бо Афғонистон, як гурӯҳи қочоқчиёне, ки баъди убури дарёи Панҷ ба дарунтари кишвар ворид шудан мехостанд, задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт ва дар натиҷа гурӯҳи қочоқчӣ ба давлати ҳамсоя — Афғонистон фирор карданд. Баъди задухӯрд дар ҷои ҳодиса 25 кг маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира карда шуд.                        Рӯзи 25 -уми май бошад дар деҳаи Паткнови ноҳияи Дарвоз дар натиҷаи як амалиёти муштараки сарҳадбонон ва милитсия як гурӯҳи ҷинояткори муташаккили трансмиллӣ, ки бо қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буданд бо 65 кг маводи нашъаовар дастгир шуданд.

Июнь 1, 2009 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд