АМАЛИЁТИ «КӮКНОР -2009» ДАР ПОЙТАХТ
Душанбе, 15 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва тақвияти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахт қарор имзо намуд. Тибқи он дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахт аз 1 июн то 30 ноябри соли ҷорӣ амалиёти «Кӯкнор — 2009» гузаронида мешавад. Ҳамчунин, раисони ноҳияҳои пойтахт вазифадор карда шуданд, ки ситодҳои марбутаи ноҳиявиро таъсис дода, чораҳои дахлдорро оид ба ташкил ва гузаронидани амалиёти мазкур бо ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигии пойтахт ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ андешанд. Дар робита Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки нақшаи кори ситодро таҳияву тасдиқ ва нусхаҳои онро ба Раиси шаҳри Душанбе ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд. Инчунин, ин сохторҳо дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор дар ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани амалиёт ба ошкору пешгирӣ ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадор, шахсоне, ки ба хариду фурӯши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ташкил ва нигох доштани ҷойҳои истеъмол ва фурӯши онҳо, ба шаҳр ворид кардани онҳо машғуланд, диққати махсус диҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






