«АМОНАТБОНК» БАРОИ ОФАТЗАДАГОНИ ХУРОСОН ХОНА МЕСОЗАД
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Офати табие, ки имсол ба сари мардуми ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон омад, хисорот ва зарари калони молиявиро ба хоҷагиҳои ин минтақа ворид сохт. Аз ҷониби Ҳукумат, вазорату ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳо ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати мазкур, тибқи дастур ва супориши Президенти кишвар оид ба кӯмаки амалӣ расонидан ба офатзадагон, корҳои назаррас амалӣ мегарданд. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тасмим гирифтааст, ки барои оилаҳои зарардидаи ноҳияи Хуросон, ҳамчун амали шафқату башардӯстона чор хонаи истиқоматӣ сохта диҳад. 30 май бо ибтикори Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» кормандони дастгоҳи марказӣ ва бахшу филлиалҳои бонк бо мардуми ноҳия ба ҳашар баромада, амали хайри мазкурро оғоз намуданд. Ҳашарчиён таҳти рӯҳияи башардӯстона таҳкурсии биноҳои истиқоматиро дар ин рӯз гузоштанд. Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тасмим гирифтааст, дар мӯҳлати кӯтоҳтарин, хонаҳои истиқоматии мазкурро сохта ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида тақдим намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






