«АНДЕШАҲО ДАР БОРАИ ҶАНГ ВА СУЛҲ»
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон дар ҷашвораи нахустини театрҳои лӯхтак ширкат меварзад, ки моҳи сентябр дар Бишкек баргузор хоҳад гашт. Ҷашнвора ба 70-солагии театри давлатии академии лӯхтаки ба номи Мусо Ҷонғозиеви шаҳри Бишкек бахшида мешавад. Ба ҷашнвора театрҳои лӯхтаки бисёр мамлакатҳо даъват шудаанд. Театри лӯхтаки Тоҷикистон дар ин ҷашнвора асари саҳнавии «Андешаҳо дар бораи ҷанг ва сулҳ»-ро намоиш медиҳад. Асари мазкурро ҳунарпеша Зафар Ҷаводов ба саҳна гузоштааст. Ин асар дар бисёр озмунҳо ва ҷашнвораҳои театрӣ намоиш дода шудааст. Онро баъди кушодашудани мавсими нави театрӣ дар ҷашнвораи театрҳои лӯхтаки «Арлекино» дар шаҳри Омск пешкаши тамошобинон хоҳанд кард. Намоишномаи мазкур моҳи ноябр дар Теҳрон дар ҷашнвораи «Муборак» низ намоиш дода хоҳад шуд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






