АНСАМБЛИ «МАВРИГИ»-И БУХОРО ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»-и назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ консерти ансамбли ҳунарии фолклорию этнографии «Мавриги»-и шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор мегардад. Барномаҳои консертӣ 30-юми июни соли равон дар шаҳри Душанбе, ва аз 1-ум то 5-уми июл дар шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Варзобу Ҳисор ва шаҳрҳои Қурғонтеппа, Хуҷанд ва Исфара доир мегарданд. Ансамбли мазкур дар барномаҳои ҳунарии худ бештар суруду оҳангҳои қадимии Мавригии халқи тоҷикро тараннум мекунад. Бояд қайд кард, ки барнома ва сурудҳои он асрҳои 19 ва 20-ро дар бар гирифта, бо зарби доира аз ҷониби гурўҳи ҳофизону рақоссаҳо иҷро карда мешавад. Ҳамчунин, зикр гардид, ки Ансамбли фолклорию этнографии ҳунарии «Мавриги»-и шаҳри Бухоро бори аввал ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад. Дар барнома ҳама сурудҳо ба забони тоҷикӣ садо дода, ҳамзамон дар рафти консерт дар шаҳри Душанбе китоби «Мавригӣ»-и ба нота даровардаи доктори илмҳои санъатшиносӣ Низом Нурҷонов муаррифӣ мегардад. Зеро ансамбли номбурда бештари сурудҳоро аз ин китоб истифода кардааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






