АВВАЛИН ЗАН ПРЕЗИДЕНТИ ГАБОН ИНТИХОБ ШУД
Либревил, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Евронюс).- Раиси парлумони Габон Роза Франсина Рогомбе дирӯз ҳамчун иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президенти мамлакат савганд ёд кард. Ў мувофиқи қонуни асосии мамлакат вазифадор аст, ки дар давоми 45 рӯз интихоботи президенти мамлакатро баргузор созад. Дар ин муддат Роза Франсина Рогомбе аз тамоми ҳуқуқу вазифаҳои сарвари давлат истифода хоҳад бурд. Ў танҳо ҳақ надорад, ки дар мамлакат райъдиҳии умумӣ гузаронда, парлумонро пароканда созад ё Қонуни асосии мамлакатро тағйир диҳад. Тавре хабар дода шуда буд, президенти Габон Омар Бонго чанде пеш вафот кард. Вай 42 сол президенти мамлакат буд. Ба ин муносибат дар саросари мамлакат маъракаи мотам эълон карда шуд. Ҷасади Омар Бонго рӯзҳои наздик аз Барселона ба ватан оварда мешавад. Бояд гуфт, ки Президенти Габон муддати тӯлонӣ дар ҳамин ҷо табобат карда мешуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






