АЗ БЕЭҲТИЁТӢ ДУНЁРО ПАДРУД ГУФТАНД
Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Аз 1 то 8 июни соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 3 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 2 шаҳрванд ба ҳалокат расида 1 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти БДА подполковник Шерафган Латифов, 6 июни соли равон тахминан соати 14:20 ронандаи экскаватори тамғаи « Hyundai -11151» бе рақами давлатӣ, истиқоматкунандаи ноҳия Рудакӣ Шамсиддин Ҳалимов, ки ҳамзамон дар ҷамъияти саҳҳомии кушодаи коркарди замин фаъолият дорад, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи И. Сомонӣ аз тарафи кӯчаи Зарафшон ба тарафи кӯчаи Муҳаммадиев, дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматии рақами 2-и кӯчаи Испечак зани тахминан 20-25 солаи сокини маҳаллиро зер мекунад. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати сахти ҷисмонӣ гирифта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Инчунин 8 июн тақрибан соати 10:30 дар ноҳияи Шоҳмансур, ронандаи автомашинаи тамғаи « Mercedes-Benz», рақами давлатиаш ВО 58 19 РТ 01 Усмон Холов, истиқоматкунандаи шаҳри Норак ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Раҷабов ба тарафи кӯчаи Назаршоев дар рӯ ба рӯи хонаи 16 пиёдагард Роҳбарой Мансурова истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ. Румии вилояти Хатлонро зер мекунад. Дар натиҷа ҷабрдида дар беморхонаи стансияи ёрии таъҷилӣ ба ҳалокат мерасад. Ба гуфти Шерафган Латифов, аз ҷониби шаҳрвандон дағалона вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ боиси ҳалокати худи онҳо гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






