АЗ ТОҶИКОНИ ИРКУТСК БА ХУРОСОН КӮМАК РАСИД

Июнь 22, 2009 11:01

              Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Русия ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ба зарардидагони офати табиии ноҳияи Хуросон кӯмак карданд.               Намояндаи ин ҷамъият Эргаш Маҳмадбеков ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки тоҷиконе, ки дар ин вилояти Русия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд худро ҳаргиз аз комёбиву нокомиҳои мардуми Тоҷикистон канор намегиранд. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки ба зарардидагони ноҳияи Хуросон аз ҳисоби маблағҳои ҷамъият кӯмак расонида шавад. «Мо тасмим дорем, ки то моҳи оянда аз ҳисоби сарчашмаҳои дигар ба мардуми аз офатҳои табиӣ хисоротдидаи Тоҷикистон мадад расонем», — тазаккур дод Э. Маҳмадбеков.                Ёдовар мешавем, ки бар асари борони шадид ва обхезиҳо дар давоми моҳҳои май-июн 229 хонаи истиқоматии сокинони ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон хароб ва 341 оиларо пурра аз сарпаноҳ маҳрум гашта буд.  

Июнь 22, 2009 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд